Ссылки доступа

Ҷасади овехтаи зани ҷавон ва се кӯдакаш Панҷакентро такон дод. Мақомот худкушӣ номиданд


Сокинони деҳаи Некнот дар шаҳри Панҷакент рӯзи 10-уми апрел дар мавзеи кӯли Кӯлак чаҳор ҷасадро ёфтаанд, ки "ба дарахтҳо овезон буданд". Дар ҳоле ки раиси деҳа гуфт, "ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба марказ бурданд", масъулони Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаро худкушӣ номиданд.

Ба гуфтаи чанд сокини деҳаи Некнот, ҷасадҳои ёфтшуда аз Шаҳло Шариповаи 32-сола ва се фарзандаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳа – будааст.

Мусоҳибони мо гуфтанд, Шаҳло Шарипова ҳамсари Лазиз Ҷӯраев, сокини деҳаи Некнот, эҳтимол аввал кӯдакони худро овехта, сипас, қасд ба ҷони худ кардааст.

"Имрӯз дар Некнот тӯй буд. Як гурӯҳ бачаҳо баъд аз маърака ба тамошои кӯли Кулак рафтаанд. Дар назди кӯл боғи калон аст ва дар дарахти себ се кӯдаку модарашро бо рӯймол овехта дидаанд", -- гуфт яке аз сокинон.

Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел бо нашри изҳороте ҳодисаро тасдиқ карда, онро худкушӣ номиданд. Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар пайи моҷаро дар оила рух додааст, вале нагуфтаанд, ки ҷанҷол бар сари чӣ сар зада.

“Шарипова Шаҳло Эркиновна, истиқоматкунандаи деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент, бино бар ба амал омадани муноқишаи оилавӣ, 3 фарзанди ноболиғашро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ба мавзеи «Боғи Ниёз»-и ҳамин деҳа оварда, бо рӯймол дар дарахт овехта онҳоро ба ҳалокат расонидааст. Сипас худро низ бо рӯймол ба дарахт овехта ба ҳалокат расонидааст", -- омадааст дар изҳороти ВКД.

Дар ҳамин ҳол, Дониёр Ортиқов, раиси деҳаи Некнот, шоми 10-уми апрел гуфт: "Воқеа баъд аз соати чаҳори бегоҳ рух додааст. Ба ман чанде аз бачаҳо занг зада, ҳодисаро гуфтанд. Рости гап, бовар накардам. Баъд ҳамроҳи хусурашу ҳамдеҳагони дигар ҷасадҳоро аз дарахт кушода гирифтем."

Ҷое, ки ҳодиса рух додааст, аз ҳавлии оилаи Ҷӯраевҳо тақрибан 300 метр дуртар будааст. Дар онҷо ҳафтаи гузашта Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шодиева, ҳамроҳи писараш 300 бех ниҳол шинондааст.

Сокинони Некнот мегӯянд, ин зани ҷавон зодаи шаҳри Душанбе буда, чанд сол пеш арӯси хонаводаи Ҷӯраевҳо шудааст. Ҳамдеҳагон зиндагии оиларо миёнаҳолона тасвир карда, гуфтанд, дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекарданд.

Касби хонаводагии онҳо дар гузашта чӯпонӣ ва ҳоло деҳқонӣ будааст. Падарарӯси Шаҳло Шодиеваро дар деҳа ҳамчун Азизпаҳлавони чӯпон мешинохтаанд. Ба қавли раиси маҳалла боре ҳам сокинон аз нооромӣ ё ҷанҷол дар хонавода хабар надодаанд.

Дар гузашта мақомот чанд ҳодисаи ба ин монандро ошкор кардаву баъзе аз онро худкушӣ номида буданд. Аз ҷумла, Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, моҳи майи соли 2018 худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт. Додгоҳи Ҳисор падари хонавода Фатҳулло Шариповро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсар ва кӯдаконаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак, соли 2016 худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт.

Айнан бо ҳамин шева моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт, вале модарро наҷот доданду ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG