Ссылки доступа

Додгоҳи Маскав гумонбар дар қатли духтари 5-солаи тоҷикро солим донист


Додгоҳи вилояти Маскав қарор кард, ки Александр Сёмин, муттаҳам дар қатли Ҳувайдои 5-сола бемори рӯҳӣ нест ва ба Боздоштгоҳи муввақатӣ интиқол дода шавад.

Ин нафар, ки аз соли 2018 дар қатли духтари хурдсоли тоҷик гумонбар дониста мешавад, то кунун дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ нигаҳдорӣ мешуд. Бар асоси қарори додгоҳ, ки рӯзи 9-уми апрел содир шуд, давоми се моҳи оянда ва то тасмими навбатии додгоҳ Сёмин дар боздоштгоҳ мемонад.

Наздикони Александр Сёмин гуфта буданд, ки ӯ бемори рӯҳӣ аст ва бояд табобат шавад.

Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 9-уми апрел парвандаи ҷиноии Александр Сёминро муҳокима кард.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо рӯзи 10-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарори додгоҳ барояш ғайриинтизор буд.

“Додгоҳ ӯро солим донист. Кушишҳо буд, ки ӯро девона бароранд ва аз ҷавобгарӣ раҳо намоянд. Умедворам, ки қотили духтарам ҷазои сазовор мегирад”,--гуфт ӯ.

Даҳҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳамрайъӣ бо падари тифли кушташуда пушти дари додгоҳ ҷамъ омаданд.

Суҳроби Ҷаҳон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ аз қавли вакили мудофеъи Ҳувайдо гуфт, фарзияи бемори рӯҳӣ будани Сёмин аз тарафи додгоҳ рад шуд.

Дар навори видеоие Шавкат Умаров, вакили мудофеи хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода мегӯяд, додгоҳ Сёминро солим эълон кард ва минбаъд мурофиаи ӯ дар ҳолати муқаррарӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин гумонбар аст, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар чанд соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи қазияро хост.

Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест, вале бо гузашти беш аз се сол ҳанӯз мурофиа ниҳоӣ нашудааст.

Муҳокимаи куштори Ҳувайдо боз ба таъхир гузошта шуд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:37 0:00

XS
SM
MD
LG