Ссылки доступа

Дар ҷануби Қирғизистон ҳизбҳои норозӣ аз натиҷаи интихобот гирди ҳам омаданд


Рӯзи 12 апрел дар майдони марказии шаҳри Ӯши Қирғизистон наздики 30 касе гирди ҳам омаданд, ки бекорсозии натиҷаҳои интихоботи маҳаллиро талаб доштанд.

Миёни ҷамъшудаҳо намояндагони ҳизбҳои "Бутун Қирғизистон", "Улуу журт" ва "Бир Бол" буданд. Онҳо аз натиҷаҳои интихобот изҳори норизоӣ карданд, ки ба гуфтаашон, ҳизбҳои дигар раъйхарӣ кардаву аз имконоти ҳукуматӣ истифода бурдаанд.

"Мо омодаем, ки ба мақомоти расмӣ шикоят барем. Агар дирӯз ҳама кор шаффоф мешуд, мо имрӯз инҷо ҷамъ намешудем", - гуфт Улан Канат уулу, намояндаи ҳизби "Бутун Қирғизистон".

Шиш ҳизби сиёсӣ дар шаҳри Ӯш бо нашри изҳороти муштараке интихоботи маҳаллии рӯзи 11 апрелро "ифлос" унвон ва баргузории интихоботи навро талаб карданд.

Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, ҳизбҳои "Ата-Журт Қирғизистон", "Улуттар Биримдигӣ" ва "Интимак" вориди порлумони маҳаллии шаҳри Ӯши Қирғизистон шудаанд.

XS
SM
MD
LG