Ссылки доступа

Вакили дифоъ: пулиси Қирғизистон куштори Айзада Канатбековаро таҳқиқ намекунад


Нурбек Токатакунов, вакили дифоъ мегӯяд, пулиси Қирғизистон хунукназарӣ ба парвандаи рабудан ва куштори Айзада Канатбековаи 27-соларо идома медиҳад.

Токатакунов дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон даъват кардааст, ки вазифаҳои худро тибқи қонун иҷро намоянд.

"Аз санаи пайдо шудани ҷасад ва муайян гаштани шахсият 5 шабонарӯз гузашт, вале муфаттишон ҳанӯз модари Канатбековаро ҷабрдида эътироф ва бозпурсӣ накардаанд. Ин барои чӣ муҳим аст? Барои он муҳим аст, ки боздошти гумонбарон аллакай шуруъ шудааст ва ҷониби ҷабрдида ҳақ дорад, дар бораи гумонбарону ташхиси судӣ маълумот дошта бошад ва дар рафти тафтишот иштирок кунад", - навиштааст ӯ.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, маъмурони пулиси маҳалли зисти Канатбекова наздикони ӯро даъват карда, роҳҳои гуногуни созишро пешниҳо доранд.

Талошҳо барои дарёфти вокуниши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон ба иддаои вакили дифоъ то ҳол бенатиҷа буданд.

Дар Қирғизистон Айзада Канатбековаи 27-соларо мурда ёфтанд, ки ӯро барои издивоҷ аз кӯча рабуда буданд.

Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, марде ки Канатбековаро рабуда буд, худкушӣ кардааст.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпел дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Марди чӯпоне, ки ба пулис аз ёфт шудани мошин хабар дод, гуфт, мошини мазкурро рӯзҳои 5-6 апрел дида буд, аммо фикр мекард, он дар лой ғуттида аст. Танҳо рӯзи 7 апрел чӯпон ба мошин наздик шуда, ҷасади марду занро дар он дидааст.

Ба иттилои пешакӣ, мард занро дар рафти ҷанҷол бӯғӣ карда, баъдан худро куштааст.

Додситонии кулли Қирғизистон чанде пеш хабар дода буд, ки барои таҳқиқи рафтори кормандони пулис дар доираи парвандаи рабудан ва куштори Айзада Канатбекова бо моддаи "хунукназарӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG