Ссылки доступа

Фаъоли зиндонии қазоқ Кенҷабек Абишев гуруснанишинӣ эълом кард (видео)


Фаъоли мадании қазоқ ва яке аз се айбдоршуда дар доираи парвандаи "ҷиҳодиён" Кенҷабек Абишеви 52-сола дар зиндон гуруснанишинӣ эълом кард. Дар ин бора масъули Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон Инга Иманбой 12 апрел хабар дод.

Кенҷабек Абишев бо навиштани муроҷиатномае ба унвони раҳбарияти зиндон ва президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз гуруснанишинии худ хабар дода, гуфтааст, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ба гуфтаи фаъоли маданӣ, додрас ва додситон ба хотири раҳо нашудани ӯ ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд. Ҳамчунин дар маҳбас бо хадамоти тиббии лозимӣ ва дору таъмин нест.

Парвандаи "ҷиҳодиён" дар Қазоқистон яке аз парвандаҳои баҳсбарангез буда, дар доираи он се шаҳрванди ин кишвар -- Алмат Жумагулов, Оралбек Омиров ва Кенҷабек Абишев бо гумони даъват ба терроризм аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Се нафар парвандаи худро сохта ва сиёсӣ меноманд. Ҳар сеи гумонбарон тирамоҳи соли 2017 боздошт шуда буданд.

Як қатор созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Қазоқистон Абишев ва Жумагуловро маҳбусони сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG