Ссылки доступа

Партоби оби "радиоактив" аз "Фукусимо" ба уқёнус: кишварҳои ҳамсоя ва моҳигирон зиддият доранд


Ҷопон бештар аз миллон тона оби заҳролуди пойгоҳи атомии "Фукусима"-ро ба уқёнус мерезад. Дар ин бора рӯзи сешанбе ҳукумати он кишвар хабар дод.

Кишварҳои ҳамсояи Ҷопон, аз ҷумла Куриёи Ҷанубӣ ва моҳигирон зидди ин тасмими Ҷопон ҳастанд.

Партоби нахустин тақрибан баъди ду сол сурат хоҳад гирифт, ки ин муҳлат ба ширкати Tokyo Electric Power имкон медиҳад, оби мавриди партобро филтр ва маводҳои заҳрогини изотопиро пок кунад.

Ҷопон мегӯяд, партоби об барои идомаи бартарфсозии пойгоҳи атомӣ муҳим аст. Ин пойгоҳ баъди садама дар соли 2011 аз кор мондааст. Ба иттилои Ҷопон, партоби оби заҳролуд ба уқёнус, баъди филтр шудан, таҷрибаи ҷаҳонӣ аст.

Наздики 1,3 миллион тона оби заҳролуд дар зарфҳои бузурге дар корхонаи "Фукусима" нигаҳдорӣ мешавад, ки солона ин нигаҳдорӣ наздики 1 миллиард доллар харҷ дорад.

XS
SM
MD
LG