Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон духтари рабудашударо ба хонаводааш баргардонд


Дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон рӯзи 12 апрел, тақрибан соати 21:00 хабари духтаррабоӣ аз сӯи мақомот сабт шуд.

Кормандони пулиси ноҳия баъди дарёфти хабар гумонбаронро боздошт карданд. Гумонбарон фурсат наёфтанд, ки ҳудуди ноҳияро тарк кунанд. Айни замон корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ба иттилои мақомот, духтари рабудашуда сиҳату саломат ба хонаводааш баргардонида шудааст. Шахсияти духтаррабоён ошкор нашудааст.

Масъалаи духтаррабоӣ дар Қирғизистон баъди рабудан ва қатли Айзада Канатбекова доғ шуд. Субҳи 5 апрел Канатбековаро дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон рабуданд ва баъди ду рӯз ҷасади вай дар наздикиҳои Бишкек пайдо шуд. Кормандони пулис чаҳор танро бо гумони мусоидат дар рабудани духтар боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG