Ссылки доступа

Дар Узбекистон "буҷавиҳо"-ро иҷборан узви ҳизби ҳоким мекунанд


Кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва идораҳои давлатии Узбекистон иҷборан узви Ҳизби либерал-демократии ин кишвар (ҲЛДУ), ки соли 2016 номзадии Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешниҳод карда буд, мешаванд.

Кормандони корхонаҳо, бонкҳо ва ҳатто маъмуриятҳои ноҳиявию шаҳрии вилоятҳои Фарғона, Навоӣ, Бухоро ва Самарқанд ба шарти ифшо нашудани номашон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки таҳти фишору таҳдид ба узвияти ҲЛДУ шомил шудаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони радио, онҳоро маҷбур кардаанд, то хаттӣ розигӣ диҳанд, ки минбаъд як дарсади моҳонаи худро (ҳудуди 7 ҳазор сӯм ё 0,7 доллар) ҳамчун аъзопулӣ ба ҳисоби ҳизб хоҳанд пардохт.

Ҳамсуҳбатони бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯянд, онҳо маҳз аз ҳамин пардохти моҳонаи иҷборӣ норозӣ ҳастанд.

Як корманди Кумитаи иҷроияи ҲЛДУ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, маъракаи ҷалби иҷбории сокинон ба сафи ҳизб ба омодагиҳо барои пешбарии дигарбораи номзадии Шавкат Мирзиёев ба мақоми президентии Узбекистон дар интихоботи оянда рабт дорад.

Интихоботи навбатии президентии Узбекистон қарор аст, моҳи октябри соли равон баргузор шавад. То ҳол ягон ҳизби сиёсии ин кишвар номзади худро ба мақоми президентӣ пешниҳод накардааст.

XS
SM
MD
LG