Ссылки доступа

СБА аз истифодаи омори расмии Туркманистон худдорӣ варзид


Сандуқи байналмилалии асъор (СБА) дар гузоришаш дар бораи "Ояндаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ" дар соли 2020 аз истифодаи оморҳои расмии Туркманистон худдорӣ варзидааст.

Дар гузориши СБА омадааст, ки рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) Туркманистон 0,8 дарсадро ташкил додааст, аммо дар оморҳои расмии ҳукумати Туркманистон рушди ММД 5,9 дарсад нишон дода шудааст.

Лука Анческӣ, профессори Донишгоҳи Глазко гуфтааст, то ин замон созмонҳои байналхалқӣ, амсоли СБА, Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ бо такя ба оморҳои расмии Туркманистон, рақамҳоеро нашр мекарданд, ки бозгӯи воқеияти Туркманистон набуданд.

Расонаҳои байналхалқӣ дар чанд соли охир аз уфти беисти иқтисоди Туркманистон гузориш медиҳанд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар як ҷаласа рӯзи 11 марти соли ҷорӣ гуфт, сарфи назар аз вазъи ноустувори иқтисоди ҷаҳонӣ, нишондодҳои макроиқтисодии Туркманистон "муътадилу устувор боқӣ мондаанд".

XS
SM
MD
LG