Ссылки доступа

Занони мусулмони Қирғизистон мехоҳанд, дар интихоботи муфтӣ иштирок кунанд (видео)


Бонувони мусулмони Қирғизистон талош доранд, ки дар интихоботи муфтии он кишвар иштирок кунанд. Раҳбари Идораи мусулмонони Қирғизистон дар Қурултойи мусулмонон (Маҷлиси олӣ) интихоб мешавад, ки занон ҳаққи вуруд ба онро надоранд.

Мусульманки Кыргызстана добиваются участия в выборах муфтия
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:34 0:00

Рӯзҳои наздик дар шаҳри Бишкек Қурултойи мусулмонони Қирғизистон баргузор мешавад. Шӯрои уламои он кишвар ин бор низ ба занон иҷозат доданӣ нест, ки дар он ширкат варзанд. Вале занони фаъоли мусулми ин кишвар талош доранд, ки ин ҳақро ба даст оранд.

"Шояд метарсанд, ки вақте занон ворид шаванд, тартибу низом пайдо мешавад ва хоҳанд пурсид, ки пулҳо ба куҷо мераванд. Чаро тарҳҳое қабул намешавад, ки манфиате дар пай дошта бошанд?", - мепурсад раҳбари созмони занонаи исломии "Мутакаллим" Жамал Фронтбек-қизӣ.

Дар Хадамоти матбуотии Шӯрои уламои исломии Қирғизистон нахостанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд. Талошҳо барои тамос бо раиси шӯро ҳам бенатиҷа буд. Вале дар худи муфтиёт гуфтанд, мехоҳанд дар оянда ба фаъолияти занон дар идораи мусулмонон иҷозат диҳанд.

XS
SM
MD
LG