Ссылки доступа

СММ шикояти афсари пешини мақомоти Узбекистонро дар бораи шиканҷа баррасӣ мекунад


Вакили мудофеи Одилбек Юлдошеви 52-сола, афсари пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон, ки бо айби ҷосусӣ ба нафъи Туркманистон 15 сол зиндонӣ шудааст, ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикоят бурда, озодии фаврии ӯро талаб кардааст.

Сергей Майоров, вакили мудофеи Юлдошев гуфт, нафари таҳти ҳимояташ аз соли 2011 дар ҳабс аст ва аз рӯзҳои нахустини боздошт шиканҷа шудааст. Майоров гуфт, рӯзи 29 март ба вай хабар доданд, ки шикояташ аз сӯи Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ қабул шудааст.

Майоров афзуд, вай далелҳои шиканҷа шудани Юлдошевро дар шикояташ шомил кардааст.

Дар асоси шикоятҳои Майоров, додгоҳи олии Узбекистон соли 2019 ҳукми зиндони Юлдошевро аз 15 ба 12 сол кам кард.

Одилбек Юлдошев дар шаҳри Дашоғузи Туркманистон таваллуд шудааст. Охири солҳои 80-уми асри гузашта ва ба шаҳри Тошканди Узбекистон барои таҳсил омад ва инҷо муқимӣ шуд. Юлдошев баъди таҳсил 9 сол дар мақомоти амниятии Узбекистон фаъолият кард.

Вай соли 2011 бо айби ҷосусӣ ба нафъи Туркманистон 15 сол зиндонӣ шуд.

Пайвандони Юлдошев ин айбҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG