Ссылки доступа

Омӯзгори узбекро барои гузоштани баҳои "ду" латтукӯб карданд


Чироқчилик муаллим Ш. Оққўзиев
Чироқчилик муаллим Ш. Оққўзиев

Пулиси ноҳияи Чироқчии Узбекистон 13 апрел дар робита ба латтукӯб шудани омӯзгори забони англисии мактаби миёнаи №134-и ноҳия бо банди "Авбошӣ" парванда боз кардааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Вазорати маорифи Узбекистон иттилоъ доданд.

Пештар хабар дода шуд, ки омӯзгори забони англисии мактаби №134 Шоҳнур Оккузиевро бародарони яке аз шогирдонаш барои гузоштани баҳои "ду" зери мушту лагад қарор додаанд.

Ин ҳодиса 6 апрел дар маҳаллаи "Умакай"-и Чироқчӣ рух дода, дар натиҷа омӯзгор бистарӣ шудааст.

Ба гуфтаи Оккузиев, он рӯз ба ӯ се бародари яке аз хонандаҳо ҳамла карда буд.

Хонандае, ки баҳои "ду" гирифтааст, писари муовини мудири ҳамон мактаб оид ба тарбия Абдуносир Ҳошимов мебошад.

XS
SM
MD
LG