Ссылки доступа

COVID-19: Қирғизистон ваксинаи "Астразенека" дарёфт мекунад


Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев хабар дод, ки ин кишвар рӯзҳои наздик 405 ҳазор моя ваксинаи зидди коронавирус -- "Астразенека" дарёфт хоҳад кард.

Ба гуфтаи вазир, Бишкек ваксинаи мазкурро тавассути Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дарёфт мекунад. "Дар баробари ваксина лавозимоти дигари тиббӣ низ дастрас мешавад. Барои нигаҳдорӣ макон омодааст", - гуфт ӯ.

Бейшеналиев афзуд, ки аз сарусадоҳо атрофи ваксинаи "Астразенека" дар кишварҳои Аврупо хабар доранд, вале изҳори умед кард, ки СҶТ то расидани ваксина ба Қирғизистон сабабҳои онро пайдо хоҳад кард.

Қирғизистон моҳи марти соли равон иҷрои тарҳи харидории 2,6 млн моя ваксинаи "Астразенека"-ро дар доираи барномаи COVAX боз дошт. Вазири тандурустии он кишвар гуфт, тасмими онҳо ба баҳсҳо атрофи коромадии AstraZeneca дар Аврупо рабт дорад.

Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи "Астразенека", сохтаи Бритониёву Шветсия ва Донишгоҳи Оксфорд, ҳоло яке аз мавзуъҳои асосӣ дар кишварҳои Аврупо аст. Баъзе аз кишварҳои аврупоӣ гуфтаанд, бо сабаби нигарониҳо аз лахташавии хун баъд аз қабули ваксинаи "Астразенека", муваққатан аз истифодаи он даст мекашанд.

То ин дам Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҳолланд, Ҷумҳурии Ирланд, Булғористон, Австрия истифода аз ваксинаи "Астразенека"-ро муваққатан боздоштанд. Аз кишварҳои Осиё ба мисли Индонезия ҳам гуфтанд, мунтазири баррасии натиҷаҳои санҷиши нави СҶТ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG