Ссылки доступа

Ҳукумат ба Оҷонсӣ имтиёз дод, моликони 17 ширкат норозиянд


Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ

Роҳбарони 17 ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ба онҳо низ ба монанди Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ дар пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз имтиёз бидиҳад.

Вагарна, ба гуфтаи онҳо, сабукиҳое, ки ҳукумат ба Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ дод, рақобатро дар бозор вайрон мекунад ва маҷбур мешаванд, фаъолияташонро қатъ кунанд. Ин ширкатҳо 80 дарсади бозори сӯзишвории Тоҷикистонро зери даст доранд.

Ширкатҳое, ки зери номаи дастҷамъӣ ба раисҷумҳур имзо гузоштаанд, узви "Анҷумани воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ" ҳастанд. Нусхаи нома рӯзи 14-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Норозигии ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт дар ҳолест, ки дар поёни моҳи март ҳукумати Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа Оҷонси захираҳои моддии давлатиро аз пардохти боҷи гумрукӣ, аксиз ва НДС (Андоз аз арзиши иловашуда) ҳангоми ворид кардани сӯзишворӣ озод кард.

Дар ин нома гуфта мешавад, “чунин тағйиру илова ба қонун боис ба нигаронии аъзои Ассотсиатсия гардидааст” (манзур Воридкунадагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ).

Арзу шикояти ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ дар ҳолест, ки моҳи март ва апрел дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт якбора гарон шуд ва камчинии он, хусусан бензин, ба вуҷуд омад. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхтро барои эҳтимоли ба вуҷуд овардани камчинии сунъӣ ва афзоиши нарх муттаҳам карданд.

Моликони ширкатҳо дар нома навиштаанд, гароншавии нархи маводи сӯхт, ки ҳафтаҳои охир дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, сунъӣ нест, балки "сабабҳои объективӣ" дорад.

Бино ба таҳлилҳои анҷуман, нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ дар моҳи январи 2021 то 64 доллар боло рафт ва Қазоқистон содироти сӯзишвориро манъ карду қурби пули миллӣ дар баробари доллар поин омад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ширкатҳо, нархи бензини навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ аз 7,45 сомонӣ – 8,10 сомонӣ то ба 8,50 сомонӣ – 8,70 сомонӣ афзуд.

Бо ин вуҷуд, ба иддаои ширкатҳо, даромади солонаи онҳо аз 5 дарсад бештар нест. Вале айни замон гуфтаанд, солона ҳудуди 1 миллиард сомонӣ ба буҷаи давлат боҷу андоз месупоранд.

Бино бар ҳисоби иқтисоддонҳои анҷумани “Воридкунандагони маводи сӯхт” пас аз озод шудани Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ аз пардохти боҷу андоз нархи ҳар литр бензини АИ 92 ду сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 1 сомониву 20 дирам барояш арзон меафтад.

“Аз ин лиҳоз, дар нархгузорӣ фарқи калон ба вуҷуд омада, аъзои Ассотсиатсия наметавонанд дар бозори кишвар рақобатпазир бошанд ва маҷбур мешаванд аз бозор даст кашанд”, -- гуфта мешавад дар нома.

Дар идома пурсидаанд, ки оё онҳо низ метавонанд аз он сабукиҳое, ки Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ бархурдор шуд, баҳравар гарданд? Вокуниши ҳукумат ҳанӯз ба номаи ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт маълум нест.

Бино бар оморҳо, Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ солона ба кишвар ҳудуди 17 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид мекунад ва 3 дарсади бозорро дар ихтиёр дорад.

Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷа, асосан аз Русия, 532 ҳазор тонна сӯзишворӣ овардааст. Миёни ду кишвар созишнома вуҷуд дорад, ки то 1 миллион тонна маводи сӯхт ва маҳуслоти нафти бидуни ситондани боҷи гумрукӣ аз Русия ба Тоҷикистон содирот мешавад.

XS
SM
MD
LG