Ссылки доступа

Мақомоти Ҷопон бекор кардани Олимпиадаи Токиоро аз эҳтимол дур намедонанд


Мақомоти Ҷопон лағви баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Токиоро аз эҳтимол дур намедонанд. Дар ин бора дабири кулли Ҳизби ҳокими либерал-демократии он кишвар Тосихиро Никаӣ хабар додааст.

Ба иттилои Хабаргузории Reuters, Никаӣ гуфтааст, агар вазъи марбут ба коронавирус бадтар шуда, афзоиши шумори мубталоёни он идома ёбад, баргузор кардани Бозиҳои тобистонаи олимпӣ хеле мушкил шуда, лағви он имконпазир хоҳад буд.

Вазири ҷопонӣ Таро Коно, ки масъули ташкили эмкунии шаҳрвандон аст, дар суҳбат бо телевизиони "Асахӣ" гуфт, бозиҳои олимпӣ ва паролимпӣ дар Токио метавонанд бидуни тамошобин баргузор шаванд. Ташкилкунандагони бозиҳо пештар тасмим гирифта буданд, ки мусобиқотро бе мухлисони хориҷӣ баргузор намоянд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бояд дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуда, қарор аст, аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 баргузор гарданд.

XS
SM
MD
LG