Ссылки доступа

Дар Қирғизистон монеи баргузории тазоҳуроти "Зидди хушунат" шуданд (видео)


Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон 15 апрел дар назди бинои Вазорати умури дохилии ин кишвар дубора тазоҳуроти "Зидди хушунат" баргузор карданд. Онҳо тафтиши одилонаи куштори Айзада Канатбекова ва истеъфои вазири умури дохилии Қирғизистон Уланбек Ниёзбековро талаб доранд.

Вале чанд мард дар либоси мулкӣ, ки худро собиқадорони Вазорати умури дохилии Қирғизистон муаррифӣ карданд, ба фаъолон монеа эҷод ва қатъи ҳамои эътирозиро талаб намуданд.

Дертар ба назди бинои вазорат як гуруҳи дигар ҳозир шуда, худро фаъолони мадании Қирғизистон муаррифӣ карданд. Онҳо гуфтанд, иштирокдорони тазоҳуроти "Зидди хушунат" намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳамҷинсгароҳое ҳастанд, ки "бо сӯистифода аз куштори духтар мехоҳанд ҳадафҳои худро пиёда кунанд".

Ин гуруҳ низ ба баргузории тазоҳурот монеа эҷод карданд.

Айзада Канатбековаро субҳи 5 апрел дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон рабуданд ва баъди ду рӯз ҷасади вай дар наздикиҳои пойтахти қирғизистон пайдо шуд. Кормандони пулис чаҳор танро бо гумони мусоидат дар рабудани духтар боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG