Ссылки доступа

Кенҷабек Абишев - як зиндонии қазоқистонӣ баъди гуруснашинӣ бистарӣ шуд


Кенҷабек Абишев, яке аз маҳбусони парвандаи маъруфи "ҷиҳодиҳо"-и Қазоқистон, шаби 15 апрел дар бемористон бистарӣ шуд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Гулнора Жуаспаева иттилоъ дод.

Абишеви 53-сола баъди он гуруснашинӣ эълом кард, ки дархосташ дар бораи озодии шартии пеш аз муҳлат рад шуд. Абишев 5 рӯзи охир гуруснашинӣ мекард.

Ин зиндонии қазоқистонӣ вақтҳои охир аз сиҳатиаш шикоят мекард ва дархости озодии пеш аз муҳлаташ низ, ба гуфтааш, ба сиҳатиаш рабт дошт.

Мақомоти зиндони Қазоқистон ин ҳодисаро то кунун шарҳ надодаанд.

Кенҷабек Абишев ва ду тани дигар аз айбдоршавандаҳои парвандаи маъруф ба "ҷиҳодиҳо" - Алмат Жумагулов ва Оралбек Омиров - 21 декабри соли 2018 мутаносибан 7 ва 8 солӣ зиндонӣ шуданд.

Бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин парвандаро сиёсӣ унвон карданд.

XS
SM
MD
LG