Ссылки доступа

Русия гуфт, 10 дипломати ИМА-ро ихроҷ ва таҳримҳои мушобеҳ ҷорӣ мекунад


Русия гуфт, дар посух ба таҳримҳои 15 апрели ИМА 10 корманди намояндагии дипломатии Амрикоро ихроҷ ва таҳримҳои мушобеҳ ҷорӣ мекунад.

Дар ин бора Алексей Чепа, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури хориҷӣ ба расонаҳо иттилоъ дод.

"Мо, албатта, 10 корманди дипломатиро ихроҷ мекунем ва, бовар кунед, дар кишвари мо ширкатҳое ҳастанд, ки мо нисбаташон даъво дорем. Зидди ин ширкатҳо чораҳои муносиб ва ҳамсон андешида хоҳад шуд", - гуфт Чепа.

Русия, ба гуфтаи вай, маҷбур аст, ки ин қадамро бардорад, ҳарчанд ин қадам "вазъи байналхалқиро беҳ намесозад". "Табиист, ки русбадбинон дар Амрико аз ҳаракат боз намеистанд", - авзуд Алексей Чупа.

Ҳукумати ИМА пештар хабар дод, ки таҳримҳои ин кишвар нисбати Русия густариш меёбанд. Амрико гуфт, муқобили як идда мансабдорон ва ниҳодҳои Русия таҳрим ҷорӣ мекунад.

Як манбаъ аз ҳукумати ИМА ба хабаргузориҳои "Рейтерс" ва "Блумберг" гуфтааст, эҳтимол 30 ниҳоди русӣ ба хотири дахолат дар интихоботи Амрико ва кӯшиши рахна кардани шабакаи компютерии давлатӣ ва ширкатҳои амрикоӣ дар соли гузашта мавриди таҳрим қарор гиранд.

Ҳамчунон як идда мансабдорони давлатӣ ва аз ҷумла мақомдорони амниятӣ таҳрим мешаванд. Дар гузоришҳо омадааст, шояд то даҳ нафар аз мансабдорон ва дипломатҳои рус аз Амрико ихроҷ карда шаванд.

Чанд ҳафта пеш президенти Амрико, Ҷо Байден, ишора карда буд, ки дар ҷавоб ба талоши рахна намудани шабакаи компютерӣ ва нармафзорҳои ширкати амрикоии СОЛАР-ВИНД посухи муносиб медиҳад.

Сарчашмаҳои иктишофии Амрико мегӯянд, рахна ба шабакаи компютерии СОЛАР-ВИНД дар моҳи декабр сурат гирифта, зоҳиран аз тарафи рахнагарони русӣ ба амал омадааст.

Маскав даст доштан дар ин амалро рад мекунад. Русия айбномаҳои дахолат дар интихоботи Амрикоро ҳам инкор мекунад.

XS
SM
MD
LG