Ссылки доступа

Дар Қазоқистон коргарони як ширкати муштараки чинии нафткашӣ талаби маоши бештар доранд


Бештар аз 300 коргари ширкати нафткаши "Куатамлонмунай" дар вилояти Қизилордини Қазоқистон талаби маоши бештар доранд.

Коргарон гуфтанд, дар сурати нодида гирифтани талабашон, омадаанд, ки тазоҳурот кунанд. Коргарони ширкати мазкур айни ҳол ба ҳисоби миёна 250 доллар маош мегиранд.

"Мо талаб дорем, ки маоши мо то 500 доллар бароварда шавад", - гуфт яке аз коргарон дар суҳбат бо расонаҳо.

"Гароншавии маҳсулоти ниёзи аввал, болоравии қимати маҳсулоти дигари бозор ба ҷайби мо таъсири мустақим дорад. Маош аз соли 2017 ба ин тараф зиёд нашудааст. Мо моҳи ноябри соли гузашта бо талаби маоши бештар ба роҳбарияти ширкат номаи дастаҷамъона ирсол кардем. То ҳол натиҷае нест", - гуфтанд бархе аз дигар коргарони ширкат.

Ширкати "Куатамлонмунай"-ро шаҳрвандони Чин идора мекунанд.

Ин ширкат ба истихроҷи наф машғул аст.

XS
SM
MD
LG