Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба фаъолони ҳизби навтаъсис фишор меоранд (видео)


Дар Узбекистон Абдураҳмон Икромови 24-сола, фаъоли ҳизби навтаъсиси "Ҳақиқат ва тараққиёт"-ро дар мазҳари ом шармсор карданд.

Ӯро бо он айбдор карданд, ки барои таъсиси ҳизб аз ҳаммаҳаллаҳояш бо роҳи фиреб имзо ҷамъ овардааст.

Рӯзи 13 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, чи гуна наздики 50 сокини маҳаллаи "Бирлашган" ӯро сарзаниш ва шармсор мекунанд.

Дар ин навор дида мешавад, Икромов эътироф мекунад, ки имзои наздики 300 сокини маҳалларо бо роҳи фиреб ҷамъ овардааст ва вай ҳамзамон аз сокинони маҳаллаи "Бирлашган" узр мепурсад.

Вале як рӯзи баъдаш дар суҳбати телефонӣ бо расонаҳо Абраҳмон Икромов гуфт, касеро фиреб надода ва имзоҳоро барои таъсиси ҳизб ҷамъ кардааст.

Группа неизвестных лиц напала на лидера новой оппозиционной партии в Узбекистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:09:36 0:00

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 31 март як марду як зан ба чанд фаъоли ҳизби "Ҳақиқат ва тараққиёт" ҳамла карда буданд.

Неизвестные напали на активистов партии «Хакикат ва Тараккиёт»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:06:37 0:00

XS
SM
MD
LG