Ссылки доступа

Раиси Оҷонси зидди фасоди Қазоқистон аз мақом барканор шуд


Алик Шпекбоев, ки дар давраи президентии Нурсултон Назарбоев Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистонро раҳбарӣ мекард, аз мақоми раисии Оҷонси зидди коррупсияи ин кишвар барканор шудааст.

Дар ин бора фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 16 апрел ба имзо расидааст.

Алик Шпекбоевро дар мақоми раиси оҷонс Марат Аҳмадҷонов иваз кардааст, ки то ин дам муовини додситони кулли Қазоқистон буд.

Сабаби барканории Шпекбоев, ки имсол 64-сола хоҳад шуд, гуфта нашудааст ва ҳамчунин маълум нест, ки ӯ ба мақоми дигар таъйин мешавад, ё не.

Сухангӯи президенти Қазоқистон Берик Уалӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук танҳо навиштааст, ки "Тоқаев ба Шпекбоев барои фаъолияти муваффақонааш дар мақоми раиси Оҷонси мубориза бар зидди коррупсия миннатдорӣ баён кард".

XS
SM
MD
LG