Ссылки доступа

Як сокини Дарвозро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо Толибон зиндонӣ карданд, баҳси ду ҳамдеҳааш идома дорад


Як сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистонро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо гуруҳи Толибон ба 15 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардаанд.

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сӯҳробҷон Вазировро бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ

"ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта"

"даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта"

гунаҳкор шинохтааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 19-уми март содир шуда, нусхае аз он рӯзи 13-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид. Назари пайвандонаш ба ҳукм маълум нест. Дар баробари Сӯҳробҷон Вазиров боз ду сокини дигари ин ноҳия барои "хабар надодан", муҷозот шудаанд. Аммо наздикони Аминҷон Тоатов -- яке аз ин ду маҳкумшуда, аз ҳукми додгоҳ норозӣ ҳастанд ва онро "ноодилона" мехонанд.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, Сӯҳробҷон Вазиров, сокини 44-солаи ноҳияи Дарвоз, давоми ду соли охир бо роҳбари Толибон дар ноҳияи Нусайи Афғонистон, Ҷумъа валади Талбон, тамоси телефонӣ доштааст.

Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо вулусволӣ ё ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон тақрибан 200 километр марз дорад. Аҳолии Дарвози Афғонистон низ тоҷикон ҳастанд ва солҳои ахир миёни сокинони ин минтақа гурӯҳи Толибон ва созмонҳои дигари ифротӣ то андозае нуфуз пайдо карданд.

Бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Бадахшон, ки нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, гуфта мешавад, Вазиров асосан "мавқеъгирии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистонро, ки аз ҷониби Тоҷикистон намоён аст, ба ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон хабар медод".

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, бар асоси маълумоти фиристодаи ин сокини ноҳияи Дарвоз, "ҷангҷӯёни Толибон чанд ҳамлаи муваффақона дошта, чанд афсару сарбози нирӯҳои ҳукуматии Афғонистонро нобуд кардаанд." Мақомот мегӯянд, аз ин рафтори Сӯҳробҷон Вазиров ду сокини дигари ноҳияи Дарвоз – Аминҷон Тоатови 34-сола ва Қурбонмаҳмад Додови 53-сола хабар доштанд, аммо мақомотро огоҳ накарданд.

Додгоҳи вилоят дар баробари Вазиров, ин ду нафарро низ боздошт ва 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Аммо бо дархости додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, масъулони Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми апрел парвандаи Аминҷон Тоатов ва Қурбонмаҳмад Додовро барои баррасии дубора ба додгоҳ фиристоданд.

Додситони вилоят гуфтааст, маҳалли содиршавии ҷиноят ҳаммарз бо Афғонистон аст ва хатари убури Толибон ин минтақаро ҳамеша таҳдид мекунад.

Акбаршо Тоатов, сокини ноҳияи Дарвоз ва падари Аминҷон Тоатов, мегӯяд, ҳукм нисбат ба писараш одилона нест. Ӯ рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш танҳо ҳамдеҳаи Вазиров аст ва дар ҳеч ҷиноят шарик набудааст.

"Дар шикояти кассатсионӣ навиштаанд, ки бояд парвандаро аз сари нав бинанд ва ба писари ман ду сол зиндон дода шавад. Ба Додов якуним сол зиндон. Ду моҳ дар боздошт буд, боз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд, ҳамин бас нест, ки боз эътирознома навиштааст, ки боз зиндонӣ карда шавад?"

Ҳукми се сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар пайи ҳамкорӣ бо гуруҳи Толибон ва пинҳон кардан аз мақомот дар ҳолест, ки мақомот пайваста аз наздик омадани ҷангҷӯён ба марзи кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд, чун бим доранд, ноамнӣ ба Тоҷикистон ҳам сироят накунад. Айни замон мегӯянд, нерӯҳои кишвар тавони муқобила бо ҳаргуна гуруҳҳои ифротгарову террористиро доранд.

Тақрибан якуним моҳи пеш ҳам дар ноҳия ё вулусволии Нусайи Дарвози Афғонистон, миёни мухолифони ҳукумат ва нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа даргирии сахт ба вуқӯъ пайваст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ин даргирӣ аз ҷониби нерӯҳои давлатӣ 3 тан куштаву 11 нафар захмӣ ва аз тарафи мухолифин 9 нафар кушта ва 22 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар миёни кушташудаҳо 2 ҷангҷӯ аз Тоҷикистон низ буданд. Гуфта мешуд, мушакҳои Толибон ба деҳоти наздимарзии Дарвози Тоҷикистон ҳам бархӯрдаанд.

Дар гузашта борҳо наворҳое аз ҳузури ифротгароёни тоҷик дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон нашр шудаанд. Марзи ду кишвар бештар аз 1300 километрро ташкил медиҳад ва бо вуҷуди кӯҳиву душворгузар будани бисёре аз қисматҳои он, гӯшаҳои осонгузаре дар ин марз вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG