Ссылки доступа

Ба муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, то 15 июн муҳлат доданд


Муовини вазири корҳои дохилии Русия аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кившар "ҳал кунанд".

Александр Горовой рӯзи 16-уми апрел, ҳангоми суханронӣ дар як ҷаласаи байнипорлумонии кишварҳои ИДМ, гуфт:

"Бисёре аз шаҳрвандони Шумо дар хоки кишвари мо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мувофиқи қарори президент ин шумораро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, ихроҷ аз сарҳад, рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мехоҳем, бо ёрии матбуот дар кишварҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед."

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар

332 ҳазор шаҳрванди Узбекистон

247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон

152 ҳазор шаҳрванди Украина

120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон

беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон

61 ҳазор шаҳрванди Арманистон

49 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон

ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 14-уми апрел Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон низ ба муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, муроҷиат кард.

Масъулони вазорат аз шаҳрвандон хостаанд, то 15-уми июни имсол ба шуъбаҳои ноҳиявии идораи муҳоҷират дар Русия ҳозир шуда, будубоши худро қонунӣ гардонанд.

"Дар сурати огоҳ накардани мақомоти Русия аз мавқеи худ, - омадааст дар муроҷиати вазорат, - ин шахс ба таври автоматӣ ба феҳристи шахсоне ворид мешавад, ки ҳузураш дар Русия манъ мебошад".

XS
SM
MD
LG