Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон гуфт, кормандони ин ниҳод монеи тазоҳуроти "Зидди хушунат" нашудаанд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 18 апрел гуфт, хабарҳо дар бораи парокандасозии тазоҳурот "Зидди хушунат", аз сӯи кормандони пулис дар либоси мулкӣ асос, надорад.

Рӯзноманигори қирғиз Болот Темиров дар як навор гуфт, тазоҳуроти рӯзи 15 апрелро зидди хушунат, ки дар назди бинои вазорати корҳои дохилӣ баргузор мешуд, кормандони ин ниҳод дар либоси мулкӣ пароканда карданд.

"Ин гуфта дурӯғ аст ва ба ҳақиқат мутобиқат надорад. Дар воқеъ, дар наворҳо дида мешавад, ки кормандони пулис дар тазоҳурот ҳузур доранд, аммо бояд гуфт, кормандони пулис ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ бо хоҳиши худ ба ҷамъи мардум ҳозир шудаанд ва назорат карданд, ки байни тазоҳургарон ҷанҷол нашавад", - омадааст дар хабари ВКД.

Рӯзи 15 апрел фаъолони Қирғизистон назди бинои ВКД тазоҳурот ташкил карданд. Онҳо таҳқиқи қатли Айзада Канатбекова ва истеъфои вазири корҳои дохилии Қирғизистон Улан Ниёзбековро талаб карданд.

Аммо чанд марде, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд ва худро кормандони бознишастаи корҳои дохилӣ унвон карданд, монеи ин тазоҳурот шуданд. Каме дертар як гуруҳи дигари одамон назди бинои ВКД омаданд ва тазоҳургаронро бо алфози қабеҳ дашном доданд ва низ монеи тазоҳуроти аввалиҳо шуданд.

Қатли Айзада Канатбеков, як духтари ҷавон дар ибтидои моҳи апрел ҷомеаи Қирғизистонро ваҳшатзада кард. Канатбековаро ҷавоне барои издивоҷи иҷборӣ рабуд, аммо дар нимароҳ қатл кард. Қирғизистониҳо мегӯянд, мақомот барои таҳқиқи қатли Канатбекова талоши заруриро ба харҷ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG