Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон аз ошкоршавии панҷ озмоишгоҳи маводи мухаддир хабар дод


Пулиси вилояти Қарағандаи Қазоқистон аз ошкоршавии озмоишгоҳҳои ғайриқонунии омодасозии маводи мухаддир ва мусодираи бештар аз 70 кило маводи мухаддири синтетикӣ хабар дод.

Пулис ҳамчунин 10 касро бо гумони таҳияи маводи мухаддир дар панҷ озмоишгоҳ боздошт кардааст.

Ба иттилои пулис, ин гуруҳ маводи хомро барои таҳияи мухаддирот аз хориҷ оварда, дар озмоишгоҳҳо онро ба маводи ниҳоӣ табдил мекардааст.

XS
SM
MD
LG