Ссылки доступа

Тазоҳуроти соҳибони мошинҳои "абхазӣ" дар Бишкек


Соҳибони мошинҳое, ки аз Абхазистон оварда шудаанд, 19 апрел дар назди бинои ҳукумати ин кишвар дар шаҳри Бишкек дубора тазоҳурот карданд.

Онҳо аз мақомот талаб доранд, ки мошинҳои мазкурро қонунӣ карда, аз таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ ба соҳибонашон баргардонанд. Таҷаммуъгарон номи сарвазири Қирғизистон Улуғбек Мариповро садо зада, аз ӯ талаб карданд, ки ба наздашон барояд.

Соҳибони мошинҳои мазкур моҳи марти соли равон низ бо талаби баргардонидани мошинҳояшон чандин тазоҳурот баргузор карда буданд.

Мошинҳое, ки аз Абхазистон ба Қирғизистон оварда шудаанд, дар ҳоли ҳозир ба яке аз мушкилиҳои ҷиддии ҳукумати ин кишвар табдил ёфтаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, наметавонанд мошинҳоеро ба қайд гиранд, ки аз кишвари эътирофношуда ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG