Ссылки доступа

Руҳониёни узбек қатъи намоиши филмҳои хориҷиро пешниҳод карданд


Гуруҳе аз имомони масҷидҳои ноҳияи Юнусободи Узбекистон пешниҳод доранд, пахши филму сериалҳои хориҷие тавассути телевизиони ин кишвар қатъ карда шавад, ки "аз нигоҳи ахлоқӣ бо зеҳнияти мардуми маҳаллӣ" созгор нестанд.

Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ҳукумати ноҳияи Юнусобод хабар доданд. Руҳониёни Юнусобод пешниҳоди худро дар мулоқот бо раиси ноҳия Ҷаҳонгир Иброҳимов, ки дар он масоили пешгирӣ аз пошхурдани хонаводаҳо баррасӣ мешуд, баён доштанд.

Иштирокдорони мулоқот гуфтаанд, ки омодаанд барои ҷуфтҳои ҷавон давраҳои семоҳаи омӯзишӣ баргузор кунанд. Ҳамчунин пешниҳод шуда, ки дар мактабҳо консепсияи оиладорӣ ҳамчун фанни алоҳида дарс дода шавад.

Ба иттилои Кумитаи омори Узбекистон, соли гузашта пошхурии оилаҳо аз ҳама бештар (3 899 ҳолат) дар шаҳри Тошканд, пойтахти ин кишвар сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG