Ссылки доступа

Баҳси замин дар марзи Қазоқистон бо Русия (видео)


У села в Казахстане отбирают землю и отдают России. Местные жители возмущены
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:02 0:00

У села в Казахстане отбирают землю и отдают России. Местные жители возмущены

Сокинони деҳаи наздимарзии Коптогайи вилояти Атирауи Қазоқистон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки заминҳои атрофи минтақаи онҳо ғайриқонунӣ аз они Русия мешаванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шудааст, ки дар он сокинони Қазоқистон бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, хатти марзи ин кишвар бо Русия аз нав, аз назди хонаҳои онҳо кашида мешавад. Ба гуфтаи сокинон, хатти марзи нав дастрасии онҳо ба рӯдхонаеро бастааст, ки чандин сол аз он барои обёрии заминҳояшон истифода мекарданд.

Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон, ки бо масоили марзӣ машғул аст, гуфтанд, хатти марз дар наздикии деҳаи Коптокай қонунӣ кашида мешавад. Тавре намояндаи кумита шарҳ дод, Қазоқистон гӯиё 15 сол пеш иштибоҳан як қисмати ҳудуди Русияро ба дарозии 1,5 километр ва паҳноии 70 метр соҳиб шуда буд ва ҳоло онро бармегардонад.

Ин посухи мақомоти қазоқ сокинони наздимарзии он кишварро қонеъ накард. Сокинон бо баргузории як таҷаммуъ гуфтанд, замине, ки ҳоло ба Русия дода шудааст, қаламрави Қазоқистон мебошад. Дар пайи расонаӣ шудани баҳси марзӣ марзбонони Қазоқистон хатти сарҳад бо Русияро дубора дар ҷои пешинаш кашиданд.

Дар Хадамоти марзбонии Қазоқистон гуфтанд, хатти нави марзӣ бар асоси созишномаи сарҳадие кашида шудааст, ки соли 2005 миёни Нурсултон ва Москва ба имзо расида буд.

XS
SM
MD
LG