Ссылки доступа

Раиси КДАМ Қирғизистон ба тазоҳургарон гуфт, ба Узбекистон на 50 гектар, балки 20 гектар медиҳанд


Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев 19 апрел бо тазоҳургарони назди обанбори Кампирободи он кишвар мулоқот кард.

Ин вохӯрӣ дар деҳаи Интимаки вилояти Ӯш баргузор шуд. Сокинони маҳаллӣ дар мулоқот бо Тошиев роҷеъ ба додани 50 гектар замини назди обанбори Кампиробод ба Узбекистон норозигӣ баён карданд.

"Дар ҳоли ҳозир атрофи 20 гектар аллакай симхор кашида шудааст. Вале ин на замини Узбекистон, балки замини мост. Ба назари ман, мо метавонем ба ҷои 50 гектар бо 20 гектар табодул кунем. Бигузор, 20 гектар дар онҳо бимонад. Он барои ҳифзи амнияти обанбор лозим аст. Барои ин бояд дубора гуфтугӯ кард. Ба ҷои ин 20 гектар мо метавонем аз дигар минтақаҳо 20 гектар замин талаб намоем", - гуфт Тошиев.

Сокинони маҳаллӣ бо ин пешниҳод розӣ шуданд.

Сокинони деҳаи Интимаки Қирғизистон 17 апрел дар эътироз ба додани 50 гектар замин ба Узбекистон тазоҳуроти бидуни муҳлатро оғоз карданд.

Дар шаҳри Москваи Русия ҳам наздики сад қирғизистонӣ гирди ҳам омада, аз қарори КДАМ Қирғизистон дар робита ба марзи ин кишвар бо Узбекистон интиқод карданд.

Орозайим Норматов, яке ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ ва узви ҳаракати "Ман розӣ нестам" гуфт, "Замини Қирғизистон - моликияти хусусии КДАМ нест. Ин ниҳод ҳақ надорад, ки бе ризоияти мардум, порлумон тасмим гирад. Мо имрӯз ҷамъ шудем ва талаб мекунем, ки роҳбарияти КДАМ бо хоҳиши худ истеъфо диҳад".

Охири моҳи марти имоли КДАМ-и Қирғизистон гуфт, масъалаи баҳси марзиро бо Узбекистон "сад дарсад" ҳал кардааст. Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, байни ду кишвар дигар қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст.

XS
SM
MD
LG