Ссылки доступа

Чехия як ҷосуси русро меҷӯяд, ки шиносномаи тоҷикӣ доштааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чехия як ҷосуси русро меҷӯяд, ки шиносномаи тоҷикӣ доштааст. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Чех ду корманди хадамоти истихборотии Русияро, ки яке бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон соли 2014 вориди ин кишвар шудааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. (видео)

- Шикори "Шукрона" дар Кӯлобро намебинанд? Даҳҳо сокини Кӯлоб аз кори як гуруҳи тақрибан 15 нафарии ҷавонон шикоят мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо, бо як бозие бо номи “Шукрона” онҳоро фиреб дода, пулашонро мегиранд. (видео)

- Ҷараёни ваксингузаронӣ дар Тоҷикистон. Кӣ чӣ шикоят дорад? Бархе аз омӯзгорони шаҳри Душанбе, ки ҳафтаи гузашта ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтаанд, мегӯянд, баъди дарёфти он, як муддат ҳарорати баданашон баланд шуд (видео)

- Ҷараёни ваксингузаронӣ дар Тоҷикистон. Кӣ чӣ шикоят дорад? ​Бархе аз омӯзгорони шаҳри Душанбе, ки ҳафтаи гузашта ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтаанд, мегӯянд, баъди дарёфти он, як муддат ҳарорати баданашон баланд шуд. (видео)

- Садриддин Айнӣ кист? Назари сокинон. Имрӯз 143-умин зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар вилояти Хатлон пурсид, ки дар бораи Садриддин Айнӣ чӣ медонанд ва оё ягон асари ӯро хондаанд? (видео)

- Нигаронии кормандони бонки "Эсхата" аз бемории аудиторони хориҷӣ. (видео)

- Баъзе "қолабшиканӣ"-ии лӯлиён дар Восеъ. Дар деҳаи Заркорон дар ноҳияи Восеъ, ки бо номи Паҳлавонобод ҳам машҳур аст, даҳҳо оилаи лӯлӣ ё ҷӯгӣ ба сар мебаранд. Аксар сокинони деҳаҳои атроф онҳоро бо талбандагӣ ва дурӣ аз таҳсилу бекорӣ мешиносанд, аммо худи лӯлиён мегӯянд, солҳои охир шеваи зиндагиашон тағйир кардааст (видео)

- Додгоҳ бозбинии ҳукми "хайрхоҳон"-и тоҷикистонии Толибонро талаб кард (видео)

- Маросими дафни рӯҳонии шинохта Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ. (видео)

- Кишоварзони тоҷик мегӯянд, "ҳам рӯза мегирем ва ҳам кор мекунем". (видео)

- "Бинои нав куҷост?" Норозигии беш аз 20 сокини Хуҷанд. Беш аз бист сокини Хуҷанд рӯзи 13 апрел бо талаби бозпас гирифтани хонаҳояшон дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омаданд. Ширкати сохтмонии "Ҳусноро-1", ки моликонаш шаҳрвандони Чин ҳастанд, соли 2015 32 ҳавлиро вайрон кард, то силсилаи биноҳои бисёрошёна бисозад, аммо аз иҷрои тарҳ даст кашид (видео)

- Аз афтидан ҳалок шуд ё аз шиканҷа? Хешовандони як сокини шаҳри Ваҳдат, ки баъди чанд соати боздошт вафот кард мегӯянд, ба ҳарфи мақомот бовар надоранд. Ду рӯз қабл ,Вазорати корҳои дохилӣ дар як хабарнома гуфт, Меҳриддин Гадозода, ки ба дуздӣ гумонбар мешуд, баъди боздошт худро аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД партофта, ба ҳалокат расид. (видео)

- Осори минаҳои Узбекистон ва шикояти маъюбон аз мақомот. Неъмат Шоев, сокини 60-солаи ҷамоати Фароби Панҷакент, минтақаи ҳаммарз бо Узбекистон, 17 сол боз бо дасту пойи маъюб ва оҳанрезаи мина дар бадан муҳтоҷи кумак аст, вале мегӯяд, мақомоти масъул ҳанӯз ба додаш нарасиданд (видео)

- Даъват ба маҷлис ё даъват ба артиш? ​Дар баробари аспирантҳову магистрантҳо, баъзе аз омӯзгорони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон низ аз шеваи нави даъват ба артиш (аз маҷлис – ба комиссариати ҳарбӣ) шикоят доранд. Чаро? Дар навор бинед. ​(видео аз Директ)

- Чаро тоҷикон қасам мехӯранду қасам мешикананд? Қасам хӯрдан, ки ҳанӯз панҷ сол пеш аз тарафи Вазорати фарҳанг яке аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар Тоҷикистон эътироф шуда буд, зоҳиран ҳоло ба як дардисар табдил шудааст (видео)

- Сиёҳиҳои Сафедоб. Зиндагӣ дар як деҳаи наздик ба марзи Афғонистон. Сокинони деҳае дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки зимистонаш шаш моҳ тӯл мекашад, аз надоштани роҳ ба марказ ва шароити дурусти зист шикоят доранд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ду рӯзи моҳи январро дар ин деҳа гузаронд ва филме аз рӯзгори мардуми он таҳия кард. (видео)

- Аз фурӯши билети Душанбе - Маскав кӣ фоида мегирад? Дар Тоҷикистон ҳаққи фурӯши билетҳои парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскавро ба ширкати "Агентии алоқаи ҳавоӣ" додаанд. Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, ин ширкат ба як духтар ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, тааллуқ дорад (видео)

- Наздикони магистрҳо аз сарбозшикор нороҳат шудаанд. Дар ҳоле ки мақомот аз беҳбудӣ ва афзудани хоҳишмандон пас аз қабули қонуни нави хидмати ҳарбӣ мегӯянд, ҷавонон аз даъвати иҷборӣ бо шеваҳои нав шикоят мекунанд (видео)

- Духтарандар зани маъюбро бо ду фарзандаш аз хона берун мекунад (видео)

- Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ бар зидди коронавирус идома дорад (видео)

- Зани саргардон барои фарзандонаш сарпаноҳ меҷӯяд. Се сол ба ин тараф мактаб интернатҳои Тоҷикистон кӯдакони зиндаятимро қабул намекунанд. Дар ин байн як модари серфарзанд аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки дар танҳоӣ ва бидуни кӯмаки давлат аз ӯҳдаи тарбия фарзандонаш намебарояд (видео)

- Падари собиқ корманди "Амонатбонк" ба худкушии писараш бовар надорад (видео)

- Навбати бепоён барои билети парвоз ба Русия. Ширкати Сомон эйр эълон кардааст, ки билетҳои парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскав то 27-уми апрел пурра ба фурӯш рафтаанд, вале навбати муштариён коҳиш намеёбад (видео)

- Панҷ чизи донистанӣ дар бораи пайдоиши CОVID-19 (видео)

- Хайрандеш: "Худоё, ин чӣ ҳол аст ин"? Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов), шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 4-уми апрел 60-сола мешавад. Радиои Озодӣ дар арафаи ҷашни зодрӯзаш бо ӯ суҳбате анҷом дод ва нахуст пурсид, ки имрӯзҳо саргарми чӣ корҳое ҳаст (видео)

- Чаро ҳавопаймои нахустини маъмулӣ ба Маскав парвоз накард? Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия боз кунад, сурат нагирифт (видео)

- Коронавирус ба Саргузашти Алишер" зиён расонд. Филмсозони “Суғдсинамо мегӯянд, пандемияи COVID-19 ва манъ шудани намоиши филмҳо дар кинотеатрҳо ба кори онҳо дар соли 2020 таъсири бисёр бад расонд (видео)

- Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон сохтмончиёни бурҷи Абу-Дабӣ гирдиҳамоӣ карданд. Маоши чандмоҳаро нагирифтаанд (видео)

- Акнун чаҳорбарбар наздиктар. То ҷазирақаламрави Сӯх аз Узбекистон роҳи мустақим боз шуд (видео Настоящее время)​

- Чаро дар Қирғизистон сохтмони ҳадди ақал панҷ беморхона дар ҳолати нимасохт қарор дорад (видео Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG