Ссылки доступа

Дармони COVID-19 бо решаи гиёҳ: Додситонии Қирғизистон даъвои зидди вазири тандурустиро месанҷад


Даъвои фаъоли ҷамъиятии Қирғизистон Умай Ариковаро зидди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев додситонӣ баррасӣ мекунад.

Дар ин бора аз додситонии Қирғизистон ба расонаҳо иттилоъ доданд.

Умай Арикова зидди вазири тандурустӣ рӯзи 16 апрел ба додгоҳ шикоят бурд. Вай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки ба фаъолияти вазир баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Ҳамин гуна даъво аз сӯи фаъоли ҷамъиятӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар ирсол шудааст. Умай Арикова мегӯяд, амали вазири тандурустӣ ҷиноят аст ва ба амнияти кишвар хатар дорад.

Рӯзи 15 апрел президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки тавассути гиёҳдармонӣ COVID-19 табобат карда шавад. Вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев эътироф кард, ки дар мавҷи дувуми коронавирус гирифторонро бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли Қирғизистон дармон карда, аммо дар ин бора ба беморон иттилоъ надодаанд. Вазир гуфт, аз ин гуна "табобат" даст намекашад.

Рӯзи 19 апрел иддае аз вакилони порлумони Қирғизистон нисбати вазири тандурустӣ беэътимодӣ эълом карданд.

XS
SM
MD
LG