Ссылки доступа

Дар Қазоқистон коргарони як ширкати нафткаш корпартоӣ карданд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон наздики 100 тан аз коргарони ширкати нафткаши "Бургилау" рӯзи 19 апрел корпартоӣ эълом карданд.

Ин коргарон талаб доранд, ки маошашон бо маоши коргарони собити ширкати "Бургилау" баробар карда шавад.

Пештар аз ин коргарони мазкур бо нашри як муроҷиати видеоӣ гуфтанд, ширкати истехроҷкунандаи нафт ба онҳо маоши камтар аз меъёри муқарраршударо мепардозад.

Ин коргарон борҳо бо мақомоти маҳаллии Жанаозен мулоқот карда ва масъалаи боло бурдани маошро баррасӣ кардаанд. Аммо ҳамаи ин мулоқотҳо натиҷае наовардаанд.

Дар моҳҳои охир коргарони чанд ширкати дигари нафткаш дар Қазоқистон бо талаби маоши бештар корпартоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG