Ссылки доступа

Узбекистон фурудгоҳи Самарқандро ба Бахтиёр Фозилов дод


Президент Узбекистана Шавкат Мирзияев и бизнесмен Бахтиёр Фазылов. Коллаж.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзияев и бизнесмен Бахтиёр Фазылов. Коллаж.

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов 13 апрел қарореро имзо кардааст, ки бар асоси он, "Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд" ба ширкати хориҷии "Air Marakanda" дода мешавад.

Дар қарор ҳадафи додани фурудгоҳи Самарқанд "ҷалби ширкати байналмилалии пешрафта ба мудирияти фурудгоҳ" гуфта шудааст. Вале дар сарчашмаҳои боз ҷое қайд нашудаааст, ки "Air Marakanda" таҷрибаи идораи фурудгоҳро дорад. Ин ширкат моҳи апрели соли 2020 сабти ном шудааст.

Ба гуфтаи манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти қарори мазкур огаҳ аст, ширкати "Air Marakandа" ба муассис ва молики асосии ширкатҳои "Eriell" ва "Enter Engineering" Бахтиёр Фозилов тааллуқ дорад.

Тавре дар натиҷаи таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд, ин ду ширкати Фозилов бунёдгарони асосии маркази фароғатии Шоввозсой ҳастанд. Бунёди истироҳатгоҳ баъди президенти Узбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев оғоз шуд.

Дар қарори сарвазири Узбекистон шарҳ дода нашудааст, ки чаро идораи фурудгоҳро бидуни баргузории озмуне ба ин ширкат додаанд.

XS
SM
MD
LG