Ссылки доступа

"Гузоришгарони бидуни марз": рӯзноманигорони 73%-и кишварҳо бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд


Бино ба маълумоти "Гузоришгарони бидуни марз", рӯзноманигорон аз 132 кишвар (73%) ҳангоми фаъолияти касбии худ бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Дар ин бора дар гузориши "Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот-2021" гуфта шудааст.

"Шохиси имсола, ки вазъи озодии расонаҳоро дар 180 кишвари дунё баҳогузорӣ мекунад, нишон медиҳад, рӯзноманигорӣ дар 73 кишвар бо мушкилот рӯбарӯ буда, дар 59 кишвари дигар маҳдуд карда шудааст", - омадааст дар гузориш.

Дар гузориш ҳамчунин омада, ки мақомоти баъзе аз кишварҳо аз пандемияи коронавирус барои маҳдуд кардани дастрасии рӯзноманигорон ба сарчашмаҳо ва кор дар маҳалли ҳодисаҳо сӯистифода кардаанд.

Барои намуна, мақомоти Эрон назорати бозтоби хабарҳоро пурзур карда, барои монеи расонаӣ шудани шумори қурбониёни коронавирус дар он кишвар рӯзноманигоронро ба додгоҳ мекашанд. Дар Миср низ нашри ҳама гуна омори ғайрирасмӣ дар бораи коронавирус манъ аст.

XS
SM
MD
LG