Ссылки доступа

Коргарони ширкати "Трест-12" дар Узбекистон аз шароити бади корӣ шикоят доранд


Коргарони ширкати сохтмонии "Трест-12" дар Узбекистон аз шароити бади корӣ шикоят доранд. Ин ширкатро ба вазири сохтмони Узбекистон марбут медонанд.

Коргарон мегӯянд, бар ивази 8 соати кории қонунӣ, онҳоро дар ширкат то 12 соат ва бидуни рӯзи истироҳат кор мефармоянд.

"Дар шартномаи кории мо омадааст, ки коргарон бояд 8 соат дар рӯз ва 5 рӯз дар ҳафта кор кунанд. Ва маоше, ки мегирем, барои ҳамин ҳаҷми кор аст. Аммо мо 12 соат ва бидуни рӯзи истироҳат кор мекунем. Барои ин ҳаҷми кор ҳамагӣ 160 доллар маош мегирем. Ҳар гоҳ ки шикоят кунем, ба мо мегӯянд: "Агар намехоҳед кор кардан, биравед". Агар ҷои дигаре кор пайдо шавад, як дақиқа ҳам инҷо кор намекунем", - гуфт як коргари ин ширкат дар суҳбат бо расонаҳо.

Коргарон мегӯянд, натиҷаи ҳамин кори зиёд ва берун аз меъёр буд, ки 6 апрел яке аз коргарон аз бино афтида, дар беморхона фавтид.

Расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки ширкати "Трест-12" ба наздикони вазири сохтмони он кишвар Ботир Зокиров марбут аст.

XS
SM
MD
LG