Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато пушти дари консулгарии Чин эътирозҳо 72 рӯз аст, идома доранд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон пушти дари консулгарии Чин эътирози пайвандони зиндониҳои Шинҷони Чин 72 рӯз аст, ки идома дорад.

Рӯзи сешанбе наздики 10 зан пушти дари консулгарӣ ҷамъ шуданд. Пулиси Қазоқистон ба занҳо иҷозат надода, ки ба наздиктари консулгарӣ оянд.

Ширкатдорони эътироз бо акси пайвандонаш, ки дар Шинҷон ё дар ҳабсанд ва ё иҷозаи тарки Чинро надоранд, аз мақомоти Чин талаб доранд, ки пайвандонашонро озод бигзоранд.

"Ман шаҳрванди Қазоқистонам. Бародари ман Бакитҷон Мирзоулӣ бидуни гуноҳе 14 сол зиндонӣ шуд. Танҳо ба хотири он ки вай мусалмон ва донандаи дин буд. Ӯро дар Урумчии Чин зиндонӣ карданд. Чаҳор сол аст, ки ман бародарамро меҷӯям. Ман аз мақомоти Чин тақозо дорам, ба ӯ иҷозат диҳанд, ки назди хонаводааш ояд. Мо 72 рӯз аст, ки пушти дари консулгарии Чин меоем, аммо посухе аз ҷониби Чин садо намедиҳад. Ман омаданро ба назди консулгарӣ қатъ намекунам ва озодии бародарамро талаб мекунам", - гуфт яке аз занҳо.

Иқдоми занҳо пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8 феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд. Бархе аз занҳо мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

Дар Шинҷони Чин наздики ду миллион қазоқтабор истиқомат мекунад. Дар солҳои охир қазоқтаборон ҳамроҳ бо дигар ақалиятҳои мусалмони Шинҷон зери таъқиб ва озор қарор доранд. Ақлиятҳои миллиро бо баҳонаҳои мухталиф, барои мисол, дар сурати пайдо шудани Қуръон дар манзилашон, боздошт ва ба урдугоҳҳои бозтарбия мебаранд.

Мақомоти Чин ин айбҳоро рад мекунанд ва урдугоҳҳоро марказҳои касбомӯзӣ ва бозтарбия унвон мекунанд, ки гӯиё барои пешгирӣ аз терроризму тундгароӣ таъсис шудаанд.

XS
SM
MD
LG