Ссылки доступа

Муовини Назарбоев $1 миллиард дороӣ доштааст


У зампреда партии "Нур Отан" нашли состояние в миллиард долларов. Чиновник обвинения отрицает
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:38 0:00

У зампреда партии "Нур Отан" нашли состояние в миллиард долларов. Чиновник обвинения отрицает

Фаъолои маданӣ Жанболат Мамай дар бораи Баурҷон Байбек, шаҳрдори пешини Алмато ва муовини раиси Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон, ки раҳбари он президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев аст, таҳқиқотеро нашр кард.

Мамай дар видеое, ки бо номи "Ӯ барои шумо Баук нест" дар саҳифаи Ютуби "Қазоқистони демократӣ" нашр шуд, мегӯяд, Байбек ҳангоми раиси бузургтарин шаҳри Қазоқистон будан бо истифода аз як нақшаи фасодкорӣ дар 4 сол беш аз миллиард доллар даромад ба даст овардааст. Ӯ ғайриқонунӣ пули буҷа заминҳоеро дар Алмато аз худ карда, соҳиби чандин маркази тиҷорӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ аст.

Ин дороиҳои Байбек дар ҳолест, ки ба гуфтаи Мамай ӯ ҳамеша дар вазифаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ кор карда, расман ба тиҷорат машғул набуд. "Миллиардери бетиҷорати навбатии қазоқ", - меафзояд Мамай.

Недвижимость семьи Нурсултана Назарбаева. Расследование
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:02 0:00

Худи Баурҷон Байбек таҳқиқоти Мамайро "комилан дуруғ ва туҳмат" номида, гуфт, аз болояш ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Фаъоли мадании қазоқ дар посух Байбекро ба баҳс дар пахши мустақим даъват кард. Вале мансабдори қазоқ ба ин даъват то ҳол посух надодааст.

Зять Назарбаева пожаловался в прокуратуру на расследование FT
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:15 0:00

XS
SM
MD
LG