Ссылки доступа

Иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Узбекистон 12 миллион сӯм мукофот мегиранд


Дар Узбекистон иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 12 миллион сӯм (тақрибан 1150 доллари ИМА) мукофотпулии якдафъаина мегиранд.

Дар ин бора президенти он кишвар фармонеро рӯзи 20 апрел имзо кардааст.

Дар фармон омадааст, ки ин ташаббус "ба хотири гиромидошти ширкатдорони ҷанг ва дар 76-солагии солгарди пирӯзӣ ба фашизм" гирифта шудааст.

Маблағи мукофот аз буҷаи давлатии Узбекистон ҷудо мешавад.

Дар Узбекистон, мисли кишварҳои дигари шӯравии пешин, пирӯзӣ ба фашизм ҳамасола 9 май таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG