Ссылки доступа

Парвандаи ҷиноӣ зидди як сокини Узбекистон ба хотири таҳқири президент дар интернет


Сокини 52-солаи вилояти Ҷиззахи Узбекистон В.К. дар таҳқири президенти он кишвар гумонбар мешавад.

Дар изҳороти додситонии вилояти Ҷиззах омадааст, ки ин сокин дар шабакаҳои иҷтимоии Youtube ва Facebook бо номи мустаори В.К. саҳифа боз ва навор пахш кардааст.

"Дар наворҳояш вай ислоҳоти густардаеро, ки бо ташаббуси президент амалӣ мешавад, нодуруст шарҳ дода, президентро таҳқир ва иттилои носаҳеҳ нашр кардааст, ки нуфузи роҳбари давлатро доғдор мекунад ва ба ин тартиб ба президент туҳмат задааст", - омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Мақомоти он кишвар нисбати гумонбар бо моддаи "Таҳқир ва ё туҳмати оммавӣ нисбати президенти Узбекистон" парванда боз кардаанд.

Дар сурати исботи айб марди гумонбар то 3 соли корҳои ислоҳӣ ва ё то 2,5-соли маҳдудияти озодиҳо ё ин ки то 5 соли зиндон ҷазо хоҳад гирифт.

Охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Узбекистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ барои таҳқиқ ва туҳмати президент дар интернет ҷазо пешбинӣ шуд.

XS
SM
MD
LG