Ссылки доступа

Додситони Қазоқистон: "поймолшавии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон коҳиш ёфтааст"


Додситони кулли Қазоқистон Гизат Нурдаулетов 21 апрел дар бораи вазъи волоияти қонун ва натиҷаи кори мақомоти додситонӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев гузориш дод.

"Тавре Нурдаулетов хабар дод, шумори нақзи ҳуқуқҳои конститутсионии Қазоқистон 33 дарсад кам шудааст", - омадааст дар иттилоияе, ки сомонаи президенти Қазоқистон онро нашр кардааст.

Додситони кулли Қазоқистон дар бораи иҷрои "фармони ҳимояти соҳибкорон аз амалҳои ғайриқонунии ниҳодҳои давлатӣ ва тағйири назорати додситониҳо барои роҳҳали босамари мушкилоти тоҷирон" суҳбат кардааст. Ба гуфтаи Нурдаулетов, аз аввали соли равон "ҳуқуқи 22 ҳазор соҳибкор ҳимоят шуда, 357 санҷиши ғайриқонунӣ ва 56 санади ниҳодҳои давлатӣ бекор карда шудааст.

Шаҳрвандони Қазоқистон пайваста аз амалҳои ғайриқонунӣ ё беамалии мақомоти додситонӣ ва нақзи ҳуқуқи конститутсионияшон шикоят мекунанд. Гуруҳе аз шаҳру навоҳии гуногуни Қазоқистон моҳи феврал дар назди қароргоҳи президенти он кишвар ҷамъ шуда, аз амали мақомоти додгоҳӣ ва амниятӣ шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG