Ссылки доступа

Боздошту бозҷӯиҳо дар рӯзи тазоҳуроти ҷонибдорӣ аз Навалний


Субҳи 21 апрел дар шаҳрҳои гуногуни Русия боздошт ва бозҷӯии хонаҳои фаъолони маданию рӯзноманигорон оғоз шуд. Ин иқдом дар арафаи тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний сурат мегирад.

Ҷонибдори мухолифи рус Любов Соболро субҳи имрӯз дар назди истгоҳи метрои "Автозаводская"-и шаҳри Москва дастгир карданд. Вакили дифои фаъоли маданӣ Владимир Воронин гуфт, шахси зери ҳимояи ӯро аз дохили таксӣ берун оварда, дастгир карданд.

Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний дар назди манзили зисташ, дар Москва боздошт карда шудааст. Вакили дифои ӯ Вероника Полякова гуфт, боздошти шахси зери ҳимояаш замоне сурат гирифт, ки ӯ дар соати иҷозат додаи мақомоти тафтишотӣ ба фурӯшгоҳ рафта буд. Собол ва Ярмишро баъди тазоҳуроти моҳи январи соли равон ба ҷонибдорӣ аз Навалний дар нақзи қоидаҳои санитарӣ - эпидемиологӣ айбдор мекунанд.

Дар шаҳри Санкт-Петербург дасти кам манзили шаш фаъоли маданиро бозҷӯӣ, дар Курган корманди ситоди маҳаллии Навалнийро ва дар Нижний Новгород Роман Тимченкоро дастгир карданд. Ба иттилои "ОВД-Инфо", ба боздошти Тимченко як навиштаи ӯ дар "ВКонтакте" дар бораи ҳамоиши 21 апрел сабаб шудааст.

Ҷонибдорони мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний, мегӯянд, тазоҳуротеро, ки барои иштирок дар он тавассути сомонаи "free.navalny.com" имзо ҷамъ карда буданд, шоми 21 апрел дар майдону кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Русия баргузор мекунанд.

XS
SM
MD
LG