Ссылки доступа

Комиссияи Ҳелсинкӣ: Конститутсияи нав низоми идории Қирғизистонро худкома мекунад


Раиси Комиссияи Ҳелсинкии Конгресси ИМА сенатор Бен Кардин, раисони кумитаҳо Роҷер Уикер ва Ҷо Уилсон роҷеъ ба Конститутсияи нави Қирғизистон изҳоротеро нашр кардаанд.

"Конститутсияи нав Қирғизистонеро, ки солҳо яке аз демократитарин кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд, ба низоми идории худкома мебарад ва дар ин гуна низомҳо қудрат дар дасти президент буда, нақши порлумон коҳиш дода мешавад", - гуфтанд сенаторҳои амрикоӣ.

Комиссия аз ҳукумати Қирғизистон даъват кардааст, ки риояи ҳуқуқи расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин кунад.

Рӯзи 11-уми апрели имсол дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар баргузор шуд. Аз тарҳи нави Конститутсия, ки қудрати президентро бештар ва салоҳиятҳои порлумонро камтар мекунад, 79,2%-и раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ кардаанд.

Раъйпурсӣ баъди бештар аз се моҳи интихоби Содир Ҷабборов ба мансаби президенти Қирғизистон сурат мегирад. Ҷаборров, ки то моҳи октябри соли 2020 дар зиндон буд, дар пайи эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ тавассути ҷонибдоронаш озод карда шуд.

Ӯ аввал нахуствазир ва баъди зери фишор аз қудрат рафтани раиси ҷумҳури пешин, Сооронбой Ҷеенбеков, иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Гуруҳе аз сокинони Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои ислоҳи Қонуни асосӣ танқид карда, гуфтаанд, ӯ барои эҷоди як ҳукумати худкома шитоб дорад. Ба бовари онҳо, тағйирот ба Конститутсия ба президент салоҳияту қудрати бештар медиҳад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch пештар гуфта буд, ки "тарҳи Конститутсия ба меъёрҳои ҳуқуқи башар, ки Қирғизистон ба риояи он тааҳҳуд кардааст, посухгӯ нест".

XS
SM
MD
LG