Ссылки доступа

Сардухтури Қазоқистон барои надоштани нишони сарисинагии ҳизби ҳоким танбеҳ гирифт


Ерлан Киясов
Ерлан Киясов

Муовини вазири тандурустӣ ва сардухтури беҳдоштии Қазоқистон Ерлан Киясов барои набастани нишони сарисинагии Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и он кишвар танбеҳ гирифтааст.

Раиси Кумитаи назорати "Нур Отиан" Артур Платонов дар ин бора дар Фейсбук хабар дода, ҳамчунин аз фармони раиси ҳизб, президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи "пурзур кардани интизоми ҳизбӣ", аз ҷумла "эҳтироми нишони ҳизб" ёдоварӣ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Киясов, муовини раиси вилояти Қилорда Бахит Жаханов, муовини раиси Алмато Мақсад Кикимов, муовини раиси вилояти Қазоқистони Шарқӣ Шакарим Буктугутов ва раиси Жезказган Кайрат Абсатторов набастани нишони ҳизбиро афзалтар мешуморанд. "Бинобар ин, ба Киясов танбеҳ дода шуда, боқӣ огоҳӣ гирифтаанд", - афзуд Платанов.

Ерлан Киясов худи ҳамон бегоҳ дар нишасти хабарӣ бо нишони сарисинагии "Нур Отан" ҳозир шудааст.

XS
SM
MD
LG