Ссылки доступа

Дар Узбекистон чаҳор занро барои муҷозоти худсаронаи як ҷавонзани 20-сола ҷазо доданд


Дар вилояти Хоразми Узбекистон чаҳор занро барои муҷозоти худсаронаи як ҷавонзани 20-сола ҷазо доданд. Дар ин бора мақомоти тафтишотии Узбекистон хабар дод.

Шаби 9 июни соли 2020 ин чаҳор зан ба ҷавонзани 20-сола Х.О. ҳамла карданд. Занҳо гуфтанд, ҷавонзан хонаводаи писари яке аз занҳоро хароб мекунад.

Нисбати чаҳор зан бо моддаи "авбошии гуруҳӣ" парванда боз шуда буд.

Ба ин тартиб, 3 зан ба 1,5-солии зиндон ва як тани дигар ба 1 соли маҳдудияти озодӣ маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG