Ссылки доступа

Парвандаи қатли Жанболат Оғодил: талаби аз 4 то 18 соли зиндон ба айбдоршавандаҳо


Kazakhstan - Zhanbolat Agadil
Kazakhstan - Zhanbolat Agadil

Дар додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон муҳокимаи додгоҳии қатли Жанболат Оғодили 17-сола ба поён наздик мешавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки гуноҳи айбдоршавандаҳоро исботшуда эътироф ва ба онҳо аз 4 то 18 соли зиндон таъйин кунад.

Дар курсии айбдорӣ шаш нафар: Назарбеков, Абилдаев, Сиддиқ, Ҷумахон, Асболат ва Раҳмат шиштаанд. Онҳо дар "авбошӣ", "пинҳон кардани ҷиноят" ва "куштор" айбдор мешаванд.

Бархе аз айбдоршавандаҳо ин иттиҳомҳоро рад карданд. Қарор аст, додгоҳ нимаи дувуми имрӯз ҳукм содир кунад.

Жанболат Оғодил шаби 11 ноябри соли 2020 дар шаҳри Нурсултон кушта шуд. Як рӯз баъд пулис эълом кард, ки гумонбарони қатли ӯро боздошт кардааст. Пулис гуфт, гуруҳе аз ҷавонон он шаб занозанӣ кардаанд, ки дар натиҷа Жанболат "аз зарби корд" кушта шудааст.

Давлат Оғодил, падари Жанболат яке аз фаъолони иҷтимоии Қазоқистон буд, ки дар бисёре аз гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ширкат меварзид. Шаби 24 феврали соли 2020 ӯро аз манзили зисташ ба идораи пулис бурданд ва субҳ ба пайвандонаш хабар доданд, ки вай дар боздоштгоҳ вафот кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд.

XS
SM
MD
LG