Ссылки доступа

Тазоҳуроти ҳизбҳои норозӣ аз натиҷаи интихобот дар Бишкек


Намояндагони чандин ҳизби сиёсии Қирғизистон дар эътироз ба натиҷаҳои интихобот 22 апрел дар назди бинои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар тазоҳуротеро баргузор карданд.

Тазоҳургарон бекор кардани натиҷаи интихоботи маҷлиси шаҳрии Бишкекро талаб доранд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷараёни интихоботи вакилони маҷлиси шаҳрӣ ҳолатҳои харидани овозҳо ва сӯистифода аз манбаъҳои маъмурӣ сурат гирифтааст.

Ба назди тазоҳургарон муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон Абдуҷапар Бекматов баромада, гуфт, тамоми шикоятҳоро баррасӣ карда, сипас чора хоҳанд андешид.

Дар Қирғизистон 11 апрел интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд. Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизб мубориза бурданд. Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, танҳо 6 ҳизб раъйи зарурӣ барои ворид шудан ба маҷлисро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG