Ссылки доступа

Аз нафткашҳои Қазоқистон хостанд, корпартоиро қатъ кунанд


Корманди ширкати нафти "Мадиева"-и шаҳри Жанаозени Қазоқистон мегӯянд, раҳбарияти корхона онҳоро огаҳ кардааст, ки корпартоияшон "ғайриқонунӣ" аст.

Дар номае зери имзои раҳбари "Мадиева" Галимжан Айтжанов омадааст, ки тибқи бандҳои "Ҳуқуқ ба корпартоӣ" ва "Эъломи оғози корпартоӣ"-и Кодекси меҳнати Қазоқистон иқдоми кормандон ғайриқонунӣ аст.

"Амали шумо хилофи қонунгузории меҳнати Қазоқистон аст. Бинобар ин, пешниҳод мекунем, ки аз имрӯз ба ҷои коратон баргардед", - гуфта шудааст дар нома. Ҳамчунин қайд шуда, ки раҳбарияти "Мадиева" машварат бо ширкати "МунайФилдСервис" ва "КазМунайГаз"-ро роҷеъ ба талаби кормандон оғоз кардааст.

Ҳудуди 20 корманди ширкати нафти "Мадиева"-и шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки ба корхонаи "МунайФилдСервис" хидмат мерасонанд, се рӯз мешавад, даст ба корпартоӣ заданд.

Онҳо талаб доранд, ки ҳамчун корманди "МунайФилдСервис" сабтином ва маошашон боло бурда шавад. Яке аз корпартоён Женис Бапилов хабар дод, ки онҳо дар назди бинои бахши Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ҷамъ шуданд.

"Мо барои "МунайФилдСервис" кор мекунем. Як сол мешавад, ки ба раҳбарият ва шаҳрдорӣ муроҷиат кардаем, вале бенатиҷа аст. Маоши мо 80-90 ҳазор танга мебошад. Талаб дорем, ки моро ҳамчун корманди "МунайФилдСервис" ба қайд гирифта, дар ҳаҷми 180–200 ҳазор танга маош диҳанд", - афзуд Женис Бапилов.

XS
SM
MD
LG