Ссылки доступа

Боздошти Абдулҳақ Обидов пас аз суханронӣ дар маросими дафни Тоҷикободӣ. Мақомот гуфтанд, "ӯ ба Салафия муттаҳам аст"


Абдулҳақ Обидови 44-сола, машҳур бо лақаби Махсуми Абдулҳақ, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансурро дастгир кардаанд.

Боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими видоъ ва дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт, аммо мақомот гуфтанд, ӯ ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" муттаҳам аст.

Махсуми Абдулҳақ чаҳор соли охир сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзам дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд. Имомхатибон дар Тоҷикистон аз сӯйи муассисони масҷид ва дар мувофиқа бо мақомот таъин шуда, аз санҷиш мегузаранд ва аз давлат маош мегиранд.

Пайвандонаш дар деҳаи Ҷангалободи ноҳияи Ваҳдат рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ баъд аз зуҳри 19-уми апрел ба идораи амнияти ноҳияи Фирдавсии пойтахт даъват шуда, сипас, ба хона барнагаштааст. Онҳо гуфтанд, дар бораи дар куҷо нигоҳдорӣ шудани ӯ ва вазъи саломатиаш чизе намедонанд.

ино ба иттилои расмӣ, Махсуми Абдулҳақро маъмурони Идораи амнияти шаҳри Ваҳдат дастгир кардаанд. Хабаргузории расмии "Ховар" рӯзи 21-уми апрел бо такя ба дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишт, Абдулҳақ Обидов ба узвият дар ҳаракати мамнӯи "Салафия" муттаҳам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми апрел сомонаи "Бомдод" навишт, Абдулҳақ Обидов барои суханронии баҳсбарангез дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дастгир шудааст. Сархатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансур дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дар рӯзи 13-уми апрел ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурд.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтаанд, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гуё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Дар хабарномаи дафтари матбуоти КДАМ, дар ин бора ҳеч ишора нашудааст.

Мақомоти тоҷик сархатиби масҷидро бо пайравӣ ба салафия муттаҳам карданд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:14 0:00

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар як баёния гуфтанд, боздошти имомхатиб ба суханронии ӯ дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматулло ҳеч рабт надорад. Онҳо аз расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хостаанд, “ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.”

Аммо айни замон нагуфтаанд, ки чаро боздошти ӯ баъд аз чаҳор соли имомхатибӣ сурат гирифт.

Абдулҳақ Обидов зодаи деҳаи Ҷангалаки шаҳри Ваҳдат аст. Ӯ соли 1999 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2009 имоми масҷиди панҷвақтаи “Эшони Абдусаттор” дар шаҳри Ваҳдат шудааст.

Баъд аз он Обидов ҳамчун имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухории ноҳияи Шоҳмансур ва имомхатиби масҷиди Эшони Абдурашиди шаҳри Ваҳдат будааст. Ин рӯҳонӣ аз соли 2017 сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансур буд.

Ҳамроҳ бо Абдулҳақ Обидов чаҳор сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ низ боздошт шудаанд. Аз онҳо

  • Абузар Шухиев,
  • Абдулло Маҳмадуллоев,
  • Азиз Турков
  • Аҳмадхоҷа Табаров

ном мебаранд. Мақомот гуфтанд, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Наздикони баъзе аз боздоштшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳоро соати чаҳори субҳи рӯзи 21-уми апрел дар хонаашон дастгир кардаанд. Яке аз пайвандони Абузар Шухиев, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "ӯ як ҳафта пеш аз Русия баргашта буд ва субҳи 21-уми апрел дастгир шуд".

"Абузар дар Русия кор мекард ва нав ба Тоҷикистон рафта буд. На салафӣ буд ва на бо касе ба ягон ҷаноза рафта буд. Мо ба Кумитаи амният рафтем, вале нагуфтанд, ки чаро ӯро боздошт кардаанд. Аз хонааш танҳо як китоби Қуръон пайдо кардаанд ва онро бо худ бурдаанд", -- афзуд ӯ.

Пайвандони Азиз Турков, яке аз боздоштшудаҳои дигар гуфтанд, ӯро низ субҳи 21-уми апрел аз манзили зисташ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт кардаанд. Онҳо гуфтанд, "манзили зисташро тафтиш карданд ва ҳар китобе, ки пайдо карданд, бо худ бурданд".

Аксари боздоштшудаҳо ба ҳам риштаи хешутаборӣ доранд. Онҳо гуфтанд, ки мақомот хонаи чанд хешу табори дигарашонро низ ҷустуҷӯ кардаанд.

XS
SM
MD
LG