Ссылки доступа

Президенти Узбекистон моҳи июн ба Тоҷикистон меояд


Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамтои узбекаш Абдулло Орипов рӯзи 24 апрел дар шаҳри Хуҷанд мулоқот мекунад. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ду сарвазир омодагиҳо ба сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Қарор аст, Мирзиёев даҳҳаи аввали моҳи июн ба Тоҷикистон ояд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои омодагии мулоқоти ду сарвазир рӯзи 21 апрел як ҳайати Узбекистон ба Душанбе омад. Ин ҳайат масоили марбут ба ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, нақлиёту иртиботот ва обиву энержиро муҳокима кардааст.

XS
SM
MD
LG