Ссылки доступа

Шаҳрдории Алмато ба баргузории тазоҳуроти замин иҷозат надод


Шаҳрдории Алматои Қазоқистон гуфт, ба далели манъ будани чорабиниҳои оммавӣ дар пайи бад шудани вазъи эпидемиологӣ наметавонад ба баргузории тазоҳуроти замин иҷозат диҳад.

Раёсати сиёсати дохилии шаҳрдорӣ ба Ҷонболат Мамай, фаъоли маданӣ ва яке аз ташкилкунандагони тазоҳурот хабар дода, ки ба баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар саҳни Академияи улуми Қазоқистон дар рӯзи 24 апрел иҷозат дода намешавад.

Пештар Хадамоти беҳдоштии Алмато хабар дода буд, ки ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар шаҳр баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ дубора манъ карда шуд.

Ҷонболат Мамай гуфт, сарфи назар аз посухи мақомоти Алмато 24 апрел ба кӯча баромада, эътирози худро ба тасмими мақомот дар бораи ислоҳи кодекси замини Қазоқистон баён хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Мамай, дар сурати манъ будани чорабинӣ ва ҳамоишҳои оммавӣ ҳукумат ва порлумони Қазоқистон бояд қабули лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунҳои марбут ба амнияти миллиро ба таъхир гузоранд.

XS
SM
MD
LG